Даври ҷамъбастии озмуни “Омӯзгори сол” бо ширкати 6 нафар ғолибони даври аввали вилоятӣ - Хусрав Усмонов, омӯзгори МТМУ №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Ахмедҷонова, омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева, омӯзгори МТМУ№54-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова, омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ва Парвиз Дониёров, омӯзгори МТМУ№15-и ноҳияи Зафаробод  дар мактаби болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Муаллимон аз рӯи ду шарт саволу ҷавоб ва муаррифии таҷрибаи кори худ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамаи иштирокдорон маҳорати баланди дониш ва суханварӣ нишон дода, дар ду шарт ширкати фаъолона доштанд. Бо назардошти он ки омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникӣ Зебо Аминова ҳам дар бахши саволу ҷавоб ҳам дар мавриди муаррифии таҷрибаи кори худ хеле фаъол буд, бо ҳамовозии ҳайати ҳакамон ғолиби мутлақ дониста шуд. Мақоми дуюмро омӯзгори фани забон ва адабиёт Муяссар Қориева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуд. Ду ҷойи сеюм насиби омӯзгорон аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод гардид.
Дар фарҷоми озмун муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов миннатдори Раёсати маорифи вилоятро ба ҳамаи ширкаткунандагони озмун расонда, ҳамзамон қайд кард, ки рӯзҳои наздик маросими қадрдонии иштирокдорон доир мегардад.
Ёддовар мешавем, ки озмуни “Омӯзгори сол ” таи чор рӯз идома ёфта, аз 18 нафар ширкаткунандагон танҳо 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифта буданд. Акнун шарафи дастаи вилояти Суғдро дар озмуни “Омӯзгори сол”-и ҷумҳуриявӣ барандаи ҷоизаи Раиси вилояти Суғд, “Омӯзгори сол”-и вилоят, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ Зебо Аминова ҳимоя хоҳад кард.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:58
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1787
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5759
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605564

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ