Бо мақсади татбиқи барномаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол гардонидани кори маҳфилҳои таҳсилоти умумӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон дар МТМУ№10 озмуни шаҳрии «Тирамоҳи зарин» баргузор гардид. Озмун аз рӯи се шарт: ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти «Нозирони сабз», албомҳо, суратҳои ранга, истифодаи маводи видеоӣ ва кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист, саволу ҷавоб аз фанҳои табиатшиносӣ, ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр бо омодагии ҳаматарафа ширкат варзида, беҳтарин корҳои хешро пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.
Аз рӯи шарти ташкили намоишгоҳ мақоми аввал насиби МТМУ №22 гардид. Ҷойи дуввумро мактабҳои №17, 26 ва 10 сазовор гардиданд. Муассисаҳои таълимии №25, 6, ДДҲБСТ ва гимназияи №1 ба мақоми саввум сазовор гаштанд.
Дар бахши саволу ҷавоб хонандаи литсейи №1 Мирҷамол Яҳёев, Шоҳида Ҳайдарова аз гимназияи №13, Фаридун Шамсиев аз М/Х «Гулчини маърифат» пирӯз гардиданд.
Дар бахши ҳимояи рисолаву рефератҳо хонандагони соҳибистеъдоди гимназияи №24 Фарангис Маҳмудова, мактаби №27 Муталлиб Маҳмудов ва мактаби №28 Саидмурод Усмонов ғолиб дониста шуданд. Ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Хонандагоне, ки сазовори мақоми аввал гаштанд ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:185
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1438
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5410
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605215

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ