Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик семинар-машварат баргузор гардид. Дар семинар мавзӯи «Тарзи навиштани нақли хаттӣ ва иншо аз тарафи хонандагон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Садаф Ёрмамадова бо истифода аз усули фаъоли таълим ва интерактивӣ шартҳои навиштани иншо ва нақли хаттиро ба тариқи гуруҳбандӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Сипас перомуни ин усули нави таълим омӯзгорон андешаҳояшонро аён доштанд. Омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик аз баргузории чунин семинар-машваратҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки барои истифодаи ин усул дар раванди таълиму тадрис талош хоҳанд кард. Дар семинар-машварат мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷик Кибриёхон Абдураҳмонова иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар баробари гузаронидани семинар-машваратҳо дар давраи таътил дарсҳои намунавии омӯзгорони фаъолу эҷодкори шаҳр баргузор гардиданд. Омӯзгори М/Х ба номи Пулотов Заррина Хӯҷаева дар мавзӯи «Методҳои интерактивии таълими забони англисӣ» ва омӯзгори М/Х «Кавсар» Наргис Мирмуллоева дар мавзӯи «Истифодаи тестҳои мувофиқатоварӣ дар дарсҳои забони англисӣ» баромад карданд, ки аз тарафи ҳампешагон баҳои арзанда гирифтанд.

Хабарнигори «Оламоро»

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1378
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5350
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605155

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ