Дар толори бошукӯҳи МТМУ №8, ки идгоҳро мемонд, озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар озмун аксари муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ, ки яке аз дигаре зеботару рангину ҷолиб буданд, ширкат варзиданд.

Мактабиён гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи зарнисор: сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладониҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд, ки таваҷҷӯҳи бинандаро ба худ ҷалб мекарданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо сухани ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд Калонова Қ., ҷараён гирифт, ки ӯ дар бораи ҳадафи баргузории озмун, шартҳои он маълумот дода, ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд. Барномаи рангини адабию фарҳангии толибилмон хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

Озмун аз рӯи се шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводҳои видиоӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд.

Аз рӯи ин шартҳо зиёда аз 60 нафар хонандагони синфҳои 7-11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон: намояндагони шуъбаи маориф ва МТИ: М. Юлдошева, М. Мансурова, Қ. Калонова ва З. Комилова ба ҳунару истеъдод ва донишу фаҳмиши хонандагон баҳои арзанда доданд.

Аз рӯи шарти аввал ҷойи якум насиби гимназияи «Ганҷ», ҷойи дуввум МТМУ№8 ва ҷойи сеюмро МТМУ№22 сазовор гардиданд.

Аз рӯи шарти саволу ҷавоб мутаносибан ҷойҳои ифтихорӣ насиби Фирдавс Халилов («Паймони азизон»),  Заррина Ғафурова (МТМУ№30), Адиба Қаюмова (Гимназияи «Ганҷ») гардиданд.

Мувофиқи шарти сеюми озмун дар ҳимояи рисолаву рефератҳо хонандагон Хушнур Муродҷонов аз МТМУ№9, Меҳрангез Ғаюрова аз литсейи ДДҲБСТ ва Адиба Очилова аз МТМУ№15 сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни «Тирамоҳи заррин» димломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ғолибони ҷойи аввал барои иштирок дар озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» роҳхат гирифтанд.

М.Маъмурова,
омӯзгори маҳфили «Мухбирони ҷавон»-и Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд,
Ҷ. Саидаҳроров,
хонандаи синфи 8, МТМУ №14, аъзои маҳфил.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:36
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1089
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7885
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599246

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ