Дар толори маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мураббии сол» доир гардид.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд зимни ифтитоҳи озмун аз дастгириву ғамхориҳои давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мактабу маориф ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории чунин озмунҳо малакаи корбарии мураббиёнро боло бардошта, онҳоро ба эҷодкориву тозаҷӯиҳо раҳнамун мекунад.

Cипас иштирокчиёни озмун - ғолибони даври аввал: Шоира Чегабоева - мураббии кӯдакистони рақами 4-и шаҳри Конибодом, Гулчеҳра Мансурова аз кӯдакистони рақами 11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Малика Додхоева, мураббии муассисаи давлатии кӯдакистони президентӣ, Мухлиса Маҷидова аз кӯдакистони рақами 20-и шаҳри Исфара, Малика Исобоева аз кӯдакистони рақами 36-и шаҳри Хуҷанд ва Саидахон Каримова мураббӣ аз кӯдакистони шаҳри Чкалов аз рӯи шартҳои фаъолияти эҷодӣ, сохтан, тасвир намудан ва буридани ягон манзара ва  ҳалли масъалаҳо оид ба ҳолатҳои психологӣ-педагогӣ ҳунар ва малакаи худро намоиш доданд.

Дар ҷамъбаст Малика Исобоева бо ба даст овардани холи зиёдтарин ғолиби озмуни «Мураббии сол» гардид. Ҷойи дуюм насиби Гулчеҳра Мансурова ва зинаҳои баъдиро Сафия Каримова ва Малика Додхоева ишғол намуданд.
Сардори раёсати маорифи вилоят Муҳаббат Маҷидзода ба ғолибон ва аҳли иштирокдорон дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раиси вилояти Суғдро тақдим намуд.

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:82
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1135
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7931
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599292

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ