Дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббии сол» ва фармоиши сардори раёсати маорифи вилоят «Оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии «Мураббии сол-2014» санаи 17 сентябр, дар кудакистони № 37-и шаҳри Хуҷанд даври якуми озмуни вилоятии «Мураббии сол-2014» оғоз
Дар асоси  Низомномаи озмуни «Мураббии сол» ва фармоиши сардори раёсати маорифи вилоят  «Оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии «Мураббии сол-2014»  имрӯз дар кудакистони № 37-и шаҳри Хуҷанд   даври якуми озмуни  вилоятии  «Мураббии сол-2014»  оғоз ёфт.

Дар озмун  ғолибони даври  шаҳрӣ ва ноҳиявии озмун аз  шаҳрҳои  Чкалов, Қайроққум, Конибодом, Исфара, Истиқлол  ва  ноҳияи Мастчоҳ  иштирок намуда,  аз рӯи шартҳои   гузаронидани  машғулият дар гурӯҳҳо, маҳорати иҷрои  нақш аз афсона ва ё асарҳои саҳнавӣ, қувваозмоӣ намуданд .
Доварон дар ҳайати  кормандони  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва раёсати маорифи вилоят   баҳогузории холисона ва  шаффофи озмунро  таъмин намуданд.
Дар  даври дуюми озмун, ки дар  охири ҳафта  баргузор мегардад, иштирокчиёни он   аз фаъолияти эҷодии худ ҳисобот медиҳанд, сохтан, тасвир намудан  ва буридани ягон манзараро  бо пешниҳоди  ҳайати доварон иҷро менамоянд ва  масъалаҳоро оид ба  ҳолатҳои психологӣ- педагогӣ ҳал менамоянд ва ғолибони озмун аз тарафи доварон муайян карда мешаванд.

 

Сомонаи Раёсати маорифи
вилояти Суғд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:150
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:400
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:550
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6847
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606652

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ