Истироҳатгоҳи «Парвоз»-и шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи зебоманзари деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст. Ҳамасола дар мавсими тобистон дар ин ҷо садҳо нафар хонандагон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Маросими кушодашавии истироҳатгоҳи «Парвоз» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова, мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов ва намояндаи кумитаи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ҳотам Рауфов баргузор гардид.

Дар саҳни истироҳатгоҳ ҷамъомади тантанавии хонандагоне, ки ба истироҳат дар даври аввал фаро гирифта шуданд, доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова зимни суханронии хеш фароғаткунандагонро табрик гуфта, дар бораи ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷалби шогирдон баҳри истироҳати бофароғат дар мавсими имсолаи «Тобистон-2014» ибрози андеша намуд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов барои хонандагон истироҳати бофароғат орзу намуда, таъкид кард, ки дар давраҳои минбаъда низ барои истироҳати толибилмон беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.
Баъдан барномаи адабию фарҳангии толибилмон бо сурудҳои дилнишин, рақсҳои мавзун ва қироати ашъори бузургон пешниҳоди меҳмонон ва падару модарон гардид.
Мавриди зикр аст, ки истироҳатгоҳи «Парвоз» дар даври аввал 150 нафар хонандагони ятиму бе парастор ва аз оилаҳои камбизоатро ба оғуши худ фаро гирифт. Дар истироҳатгоҳ барои хонандагон шароити хубу мусоид муҳайё гардидааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ин мақсад соли равон 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

 

Нуъмон Раҷабзода

{bonckoslideshow}/galerea/parvoz-2014{/bonckoslideshow}

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:29
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:397
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:693
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4665
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4604470

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ