Озмуни Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, зеҳнӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб озмуни «Донояк» дар кӯдакистони №14 бо ширкати ғолибони давраи аввал гузаронида шуд. Озмун аз рӯи шартҳои: саломнома ва қироати шеър, расмкашӣ бо ранги обӣ, мӯқалам, саволу ҷавоб ба тариқи тестӣ, рақс дар оҳанги миллии кӯдакона баргузор гардид.

Беҳтарин кӯдакони лаёқатманди муассисаҳои томактабии шаҳр дар озмун иштирок карда, маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд. Ҳайати ҳакамон ба шартҳои иҷронамудаи кӯдакон баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайянкарданд. Дар натиҷа, ҷои аввал насиби Комрон Ҳодиев аз муассисаи томактабии №40 гардид, ҷои дуввумро Умедахон Ҳабибуллоева аз МТТ №33 сазовор гашт. Мақоми сеюм насиби Садорат Солиева аз МТТ №24 гардид. Ҳамчунин соҳиби шоҳҷоизаи озмуни «Донояк» низ муайян гашт. Ширин Юсуфова аз кӯдакистони хусуии «Дилоро» соҳиби шоҳҷоизаи озмун гардид.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳамаи дӯстрӯяконро ба муносибати баргузории озмуни «Донояк» табрику таҳният гуфта, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:396
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1649
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5621
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605426

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ