Саидмухтор Ҷалолов дар олимпиадаи синфҳои ибтидоӣСоли ҳафтум аст, ки тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар байни толибилмони хурдсол, босавод ва болаёқат олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ баргузор мегардад. Дар толори бошукӯҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ бо иштироки мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон ҷамъбаст гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва доир намудани олимпиада баланд бардоштани шавқу завқи хонандагони хурдсол ба омӯхтани илму дониш, дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдоду болаёқат ва омода кардани онҳо ба озмуну Олимпиадаҳои минбаъда мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сафи иштирокчиёни Олимпиада сол аз сол бештар мегарданд. Агар соли гузашта дар Олимпиадаи мазкур 1085 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда бошанд, имсол теъдоди довталабон 302 нафар афзудааст.Мавриди зикр аст, ки дар гузаронидани Олимпиадаи имсола низ бо мақсади муайян намудани истеъдодҳои асил, шахсиятҳои лаёқати фаъоли зеҳнидошта дониши ҳар як иштирокчии озмун аз фаннҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва математика санҷида шуд.
Ҳамчунин таълимгирандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои типи нав аз рӯи супориши ягона шартҳоро иҷро намуданд. Хонандагон донишу истеъдоди худро аз фанни забони тоҷикӣ аз рӯи шартҳои: диктант, таҳлили ҷумла, қироати шеър, ифоданок хондани матн ва аз фанни математика бошад, аз рӯи 5 шарт: ҳалли масъала, иҷрои амалҳо, ҳалли муодила, қимати ифодаҳо, ёфтани периметр ва масоҳати росткунҷа нишон доданд. Ба кори иҷрокардаи хонандагон ҳайати ҳакамон баҳои воқеӣ доданд. Метавон бо ифтихор аз фаъолияти хуби омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактабҳои №9,15,16,28, гимназияҳои №4, 24, мактабҳои хусусии Пӯлотов, Паймони азизон, Гулчини маърифат, Файз, Дониш, гимназияҳои Кавсар, Гёте ёдовар шуд, ки шогирдонашон бо донишу саводи баланд сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.
Беҳтарин иштирокчиёни Олимпиада, ки теъдодашон ба 54 нафар мерасад, ғолибиятро ба даст оварда, шарафи мактаби азизашонро ҳимоя карданд. Дар ҷамъбасти олимпиада мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов булбулакони боғи донишро бо дастовардҳои арзанда табрику таҳният гуфта, дар вазъияти тантанвӣ барояшон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, зикр кард, ки хонандагони азиз фарзандони бовафо ва асили миллати худ бошед, Ватани худро дӯст доред, обод кунед ва қадр намоед. Умеду орзуи волидайни азиз ва омӯзгорони иззатманди худро амалӣ гардонед.

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:121
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:400
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:521
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6818
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606623

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ