гузориш аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маорифДар Мактаби Президентии шаҳри Чкалов ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони маорифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар ҷаласаи сайёр вазъи таълиму тарбия ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Оид ба масъалаи баррасишуда муовини вазир Тоҷинисо Мамадова суханронӣ карда, вазъи таълиму тарбияро дар мактабҳои вилоят таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо пешниҳод ва дастуру супоришҳо дод.

Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд 912 адад мактаб мавҷуд аст ва ба таълиму тарбияи хонандагон беш аз 33 ҳазор нафар омӯзгорон машғуланд. Бо вуҷуди дастоварду комёбиҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят камбудию норасоиҳо ба назар мерасанд. Тоҷинисо Мамадова оид ба масъалаи кадрҳои омӯзгорӣ, сарбории муаллимон, соатҳои дар вакант буда, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, такмили маҳорати касбӣ, таъминот ва эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ маълумот дода, тибқи пешниҳоди роҳбарони гурӯҳ, ки дар шаҳру навоҳии вилоят вазъи таълиму тарбияро мавриди санҷиш қарор доданд, изҳори назар кард. . Роҳбарони гурӯҳ ва иштирокчиёни ҷаласа фикру мулоҳизаҳояшонро перомуни вазъи таълиму тарбияи мактабҳои вилояти Суғд баён доштанд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов зимни суханронии худ зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа – маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, таъкид менамояд: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошанд, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
«Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол зиёд мегардад ва мо бояд аз вазири маориф то мураббияи муассисаҳои томактабӣ ин суханронии Сарвари кишварро дастури амал қарор дода, ба ин ғамхориҳо бо масъулияти баланд посух гардонда, дар таълиму тарбияи насли шоистаи даврон саҳми арзандаи худро гузорем»-зикр намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи маорифи вилояти Суғдро бо мисолҳои мушаххас мавриди таҳлили амиқ қарор дода, зикр намуд, ки «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».
«Бедонишон душмани донишанд» ва маҳз омӯзгор бо донишу истеъдод ва маҳорати баланди педагогӣ метавонад шогирдонашро ба роҳи рост ва ба сӯи дастоварду комёбиҳои арзанда раҳнамун созад. Омӯзгори оқилу доно шогирди босаводу тавонро тарбия мекунад. Аммо тибқи маълумотҳои дастрасшуда дар вилояти Суғд 547 нафар муаллим бо маълумоти миёнаи умумӣ ба шогирдон таълим медиҳанд. Бовар кунед, хонандае, ки нав аз паси мизи талабагӣ баромадааст, худ саводу дониши казоӣ надорад, психология ва педагогикаро аслан сарфаҳм намеравад, чӣ гуна метавонад хонандагони босаводу бофарҳанг ва ғолибони олимпиадаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро тайёр намояд. Кӯдакон гуноҳ надоранд ва чунин омӯзгорон танҳо дар доираи фаҳмишу биниши хеш ба хонандагон дониш дода метавонанду халос. Аз ин рӯ, ба сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рӯйхати омӯзгоронеро, ки бо дар муассисаҳои таълимӣ бо маълумоти миёнаи умумӣ дарс мегӯянд, мураттаб намуда, барои таҳсили онҳо бо ихтисосҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои олии кишвар шароит фароҳам оваранд»-зикр намуд Нуриддин Саидов.
Лозим ба таъкид аст, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии вилоят 2032 нафар бо маълумоти ғайрипедагогӣ ва 1290 нафар омӯзгорони ғайриихтисос машғули таълиму тарбияи насли наврасанд. Ин мушкилот дар суханронии вазир мавриди танқид қарор гирифт ва зикр гардид, ки имрӯз бояд омӯзгорони соҳибтахассус ба таълиму тадрис машғул шаванд ва барои гирифтани маълумоти педадгогӣ барои онҳое, ки мехоҳанд омӯзгори воқеӣ бошанд, дар кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. «Имрӯз, мутассифона, агроном, муҳандис, мироб ба омӯзгорӣ машғуланд, муаллими фанни физика ба ҷойи химия, ҷуғрофия ба ҷойи таърих ва ғайра дарс мегӯяд, ки ин ҳолат нобахшиданист. Мо ҳамаи онҳоро эҳтиром мекунем, аммо доштани ихтисоси омӯзгорӣ шарт ва зарур аст. Дар баробари ин мушкилот мактабҳои вилоят ба 206 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд» - таъкид намуд Нуриддин Саидов.
Муассисаҳои таълимии вилояти Суғд беш аз 3 миллиону 112 ҳазор сомонӣ қарзи китоб доранд ва аз ҳама бештар шаҳру навоҳии Истаравшан (554 ҳазор сомонӣ), Панҷакент (504 ҳазор сомонӣ), Мастчоҳ (482 ҳазор сомонӣ), Ғончӣ (312 ҳазор сомонӣ), Зафаробод (166 ҳазор сомонӣ) қарздоранд ва бояд дар муҳлати кутоҳтарин барои баргардондани маблағҳои буҷет чораҳои мушаххас андешанд. Имрӯз вазорат имкон дорад, ки китобҳои дарсиро дар дохили кишвар пурра ба нашр расонад ва нашри китобҳо дар кишвари Чин, Узбекистон ва дигар мамлакатҳо қатъиян манъ аст.
«Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Аммо, мутассифона, дар вилоят оид ба ин масъала камтар таваҷҷуҳ ва корбарӣ карданд ва натиҷаи пасттарин дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 42%-и хатмкунадагон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ номнавис гаштанд»-таъкид намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар суханронии вазир масъалаҳои ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахахссисони ҷавон, норасоии китобҳои дарсӣ, соатҳои компонентии фаннӣ, омода намудани саволномаҳои тестӣ, назорати дохилимактабӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, вазъи майдончаҳои ҳарбӣ, таъмири тирхонаҳо, натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, омӯзиши забони давлатӣ ва вазъи муассисаҳои томактабӣ таҳлилу баррасӣ гардид. Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Бобоҷонова дар поёни ҷаласа ба Вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва ҳайати гуруҳи корӣ барои ташриф ва таҳлили воқеъбинонаи вазъи соҳаи маорифи вилоят арзи сипос намуд.

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:10
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1063
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7859
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599220

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ