Дар ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳафт масъала: ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, вазъи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии хонандагон, тарбияи ҳисси ватанпарастӣ ва таҳкими ифтихори миллӣ дар мактабҳои №22, 28, 29,30, М/Х Рустамов, ҳолати иҷрои зинаи сеюми «Нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2008-2009 ва солҳои минбаъда» дар мактабҳои рақами 2,11,12,27 ва гимназияҳои №4, Кавсар, натиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №2,3, вазъи иҷрои Барномаи касбинтихобкунии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶумҳурииТоҷикистон, натиҷаи Олимпиадаи вилоятии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар соли хониши 2013-2014, натиҷаи Рӯзҳои шуъбаи маориф дар МТМУ№18 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд СаидмухторҶалолов ҷаласаи шӯроро ифтитоҳ намуда, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонова ва ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар соли 2014 мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, вазъи соҳаи маорифро мавриди таҳлил қарор дод. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастоварду комёбиҳои аҳли маориф дар се моҳи соли равон ибрози андеша намуда, дар баробари ин барои ислоҳи камбудиҳо дар раванди таълиму тарбия ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова зимни суханронии хеш аз дастгириҳоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аҳли маориф ёдовар гардида, таъкид кард, ки вазъи муассисаҳои таълимии шаҳр мавриди таҳлил қарор дода мешавад.
Оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва масъулин муаззаф гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳо фавран чораҳои заруриро андешанд.
Сипас, мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов зимни вазифагузориҳо таъкид кард, ки фурӯши ҳамагуна китоб, чиптаҳо барои барномаҳои фарҳангӣ бе мувофиқа бо Вазорати маориф маън мебошад.  Истифодаи СМС-рӯзномаҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилӣ мамнуъ эълон гардидааст, қабул ба кӯдакистонҳотанҳотариқи шуъбаи маориф ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки бояд ба мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳар як муассисаи таълимӣ 10 адад дастгоҳи таълимии қолинбофиро харидорӣ намояд. Истифодаи самараноки заминҳои наздимактабӣ, шинондани гулу сабзкориҳо, насби тануру оташдон, пешниҳоди суратҷаласаи падару модарон оид ба ташкили системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, эҳтиёҷ ба мизукурсӣ, эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ, ташрифи маъмурият ва роҳбарони синф ба хонаи хонандагон ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил ва вазифагузориҳо қарор гирифт.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:61
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1314
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5286
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605091

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ