Маркази ТИ
Академияи хурди илмҳои шаҳри Хуҷанд яке аз шаклҳои фаъоли амали мутақобилаи институтҳои илмиву тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ бо мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба шумор меравад.
Академияи хурди илмҳо зери шиори «Биёмӯз ҳарчанд мушкил бувад!» амал карда, манбаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси оянда, мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳандаи институтҳои илмиву тадқиқотӣ мебошад.