Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии    шаҳри Хуҷанд  бо андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати дар маҳалҳо, дар идораву ташкилотва муасссаҳо ва дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баҳри тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти  завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз нигаронида шудааст, як қатор тадбирҳоро андешид.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП 480 «Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва бо мақсади таъмини иҷрои амри мазкур қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 январи 2024, №17 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тавсиб расида,ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19-уми марти соли 2024 таҳти №148 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо тасдиқи ҳайати ҳакамон ба тавсиб расид.

Нахуст даври аввали он дар тамоми қаламрави шаҳр, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи касбӣ, олӣ ва ашхсои касбу кори гуногун баргузор гардид, ки дар он он 9034 нафар, аз ҷумла 4196 нафар занону духтарон иштирок намуданд, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 5740 нафар зиёд аст. Аз ин миқдор, 1411 нафар ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Санаҳои 13-14-уми майи соли равон дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»баргузор  гардид.

Таззакур бояд дод, ки дар даври шаҳрии озмун 1411 нафар довталаб роҳхат гирифтанд, аз ҷумла 534 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, 445 нафар донишҷўёни муассисаҳои олӣ, 292 нафар магистр, аспирант, докторант, 86 нафар омўзгорон ва 54 нафар намояндагони касбу кори гуногун ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ дар доираи талаботи озмун  донишу малакаи хешро дар назди ҳайати ҳакамот ба маъраз гузоштанд.

Баъд аз натиҷабардории холҳои иштирокчиён ва пешниҳоди хулосаи аъзои комиссияи озмун фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳо шунида шуда, комиссияи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор намуд:

Ҷои 1 – 17  нафар

Ҷои 2 –  35 нафар

Ҷои 3 – 44 нафар

Сипоснома – 13 нафар

Ҳамагӣ – 107 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки аз ин миқдор45 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрсазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҷои 1 – 9 нафар

Ҷои 2 – 16 нафар

Ҷои 3 – 20 нафар

Сипоснома – 7 нафар

Аз муассисаҳои таълимии шаҳр 6 нафар омўзгор сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҷои 1 – 1 нафар

Ҷои 2 – 2 нафар

Ҷои 3 –3 нафар

Сипоснома –1 нафар

Ҳамин тавр, ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯйихати 93 нафар иштирокдороне, ки мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд, барои иштирок ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» пешниҳод менамояд.

(Рўйхати ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» замима мегардад).

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии    шаҳри Хуҷанд  минбаъд низ барои иштироки фаъолона ва дарёфти мақомҳои ифтихорӣ дар даври вилоятӣ ва ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз тамоми имконоту василаҳо истифода менамояд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:391
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:811
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4619
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2034
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9294
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4703212

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ