Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки барои истифодаи рўзмарра муфид ва қулаю дастрас аст.
Тавре роҳбарони илмии Кароматулло Аҳроров мегӯянд, ғояи таҳияи чунин барномаи мобилӣ аз иқдоми тозаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти омӯзиш ва донистану такмили забонҳои русию англисӣ дастури раҳнамои “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро омода намуда, донистани онро барои тамоми омўзгорону хонандагон ва донишҷӯён ҳатмӣ эълон намудаанд, рӯйи кор омадааст.
Бояд қайд намуд, ки барномаи мобилии луғати мазкур 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст. Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни азёд кардани вожаҳо шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Яъне луғати мазкур чун як раҳнамо хидмат хоҳад кард. Шакли электронии ин луғат аллакай дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаҳои муассисаҳои зерсохтори он ҷо карда шудааст.
https://play.google.com/store/apps/details...
Кароматулло Аҳроров ва устодонаш нақша доранд, ки барномаи мазкурро такмил диҳанд ва барои дастрас гардидани он ба ҳар як хонанда, омўзгор ва дигар қишри ҷомеа мусоидат намоянд.
Дар ин барномаи мобилӣ луғатҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар намуди чопӣ ва англисӣ бо усули овозӣ ворид карда шудааст. Инчунин истифодабаранда калимаи дилхоҳро ҷустуҷӯ намуда тарҷумаи онро аз худ намуданаш мумкин аст.
Барои таҳияи барномаи мобилӣ аз забонҳои барномарезии Android Studio, Kotlin, Jetpack Compose истифода бурда шудааст, ки ин забонҳо ба топ 10 забонҳои барномарезии беҳтарин дохил мешаванд.
Кароматулло Ахроров мегўяд, ки ин нахустин барномаи эҷоднамудаи ў мебошад ва дар оянда барномаҳои дигари ҷолиб ба ҳаёти хоҷагии халқро таҳия менамояд
Бояд қайд намуд, ки дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар баробари омўзиши дигар фанҳои дақиқ ва азбарнамоии нозукиҳои фанни технологияи иттилоотӣ аҳамияти махсус зоҳир менамоянд ва маҳфили барномасоз амал мекунад, ки ҳадафи он дарёфт ва тарбия барномасозони наврасу ҷавон мебошад.