10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид.

Дар мулоқот, ҳамзамон директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони ғолибони олимпиадаи мазкур иштирок намуданд.

Нахуст, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат ба ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалии “Дониш” барои дар сатҳи арзанда муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз изҳори сипос карда, дар олимпиада ва озмунҳои минбаъда муваффақият таманно намуд. Инчунин, мавсуф зикр кард, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.

Ҳамзамон, сардори Раёсат вобаста ба роҳҳои босамари омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ибрози назар кард.

Ёдовар мешавем, ки аз 31 – уми октябр то 6 – уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар олимпиада 99 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон иштирок намуда, ба гирифтани 50 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 15 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Аз руйи ҷамъбасти фанҳои таълимӣ дастаи вилояти Суғд аз фанҳои физика, химия, биология, география ғолиб дониста шуда, бо 4 адад Ҷоми дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд.

Дар фарҷом, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, ки шогирдонашон дар олимпиадаи байналмилалии “Дониш” ғолиб омаданд, барои омода ва сафарбар намудани хонандагон бо Сипосномаи кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур сарфароз гардонида шуданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1056
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7852
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599213

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ