Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ва  «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз ҷомеаи омўзгорон ва хонандагон тақозо менамояд, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бахусус забони русӣ аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо дар доираи машварати доимоамалкунанда дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд дарсҳои кушоди омӯзгорони забони русӣ Маҳина Юлдошева дар мавзуи "Звуки и буквы" бо хонандагони синфи 2”г”, Машоҳида Темирова дар мавзуи "А.М.Горький "Легенда о Данко". Романтический характер героя. бо хонандагони синфи 11”б”, Нигина Эргашева дар мавзуи "Словосочетание. Примыкание. Ответ английской школьнице" бо хонандагони синфи 8 “а”, Гулноза Марупова дар мавзуи "Звуки и буквы" бо хонандагони синфи 6”б” ва  соати тарбиявии намунавӣ аз ҷониби Муҳайё Ахмедҷонова таҳти унвони "Конституция - основной закон" бо хонандагони синфи 10 “а”  ташкил ва гузаронида шуданд.

Машғулиятҳо бо истифода аз аёният ва усулҳои фаъоли тааълим ва иштироку шавқмандии зиёди хонандагон ташкил ва гузаронида шуд. Машғулияти кушод аз тарафи намояндагони шуъбаи маориф, маъмурияти мактаб ва омўзгорони фанни забон ва адабиёти руси муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ гардид. Ба омӯзгорони ҷавон тавсияҳо оид ба беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи дарс манзур карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи меъёрҳои давлатӣ, омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди чор ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:52
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:294
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:746
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7043
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606848

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ