Дар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони директор оид ба корҳои таълимии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунанда баргузор гардид. Дилбар Абдуллоева, мудири кабинетҳои фаннии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машваратро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тадбирҳои амалие, ки аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат дар самти фароҳам овардани шароити лозима ва таҳкими инфрасохтори соҳа андешида мешавад, аҳли маорифро муваззаф мегардонад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва донишазхудкунии хонандагон саъйю талош намуда, корҳои судбахшу муассирро анҷом диҳанд, ки муҳассилин дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оранд.

Омўзгорон дар раванди таълиму тарбия ба сатҳи дониш ва малакаҳо, рушди ақлонӣ, маънавӣ ва ҷисмонии хонандагон махсус зоҳир намоянд, то ин, ки ҳадафҳои нақшавӣ ба даст оварда шавад Зикр гардид, ки сифати таҳсилот категорияи педагогӣ – иҷтимоиест, ки ҳолат ва самарабахшии ҷараёни таълиму тарбия ва мутобиқати онро ба стандарту барномаҳои таҳсилот ва талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа дар самти ташаккул ва рушди салоҳиятмандиҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян менамояд. Ба омилҳо ва нишондиҳандаҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот мазмуни таҳсилот, китобҳои дарсӣ, маводи иловагии таълим ва сатҳи таъминот бо онҳо, шаклу методҳои таълим, аз ҷумла, методҳои навоварона ва иттилоотӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ, ҳайати кадрӣ, хонандагон, инфрасохтори муассисаи таълимӣ ва ташкили ҷараёни таълим дохил мешавад. Сипас, дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовини сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуда, он мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:400
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1653
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5625
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605430

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ