Дар литсейи ДДҲБСТ ба муносибати 40 солагии фаъолияти омўзгори номвар Мансур Очилов маҳфил баргузор гардид.

Дар маҳфил Шаҳноза Норматова, муовини ректори ДДҲБСТ оид ба корҳои тарбиявӣ, Абдуқаҳҳор Орипов, декани факулети баҳисобгирии бухгалтерӣ ва андоз, М. Ҷабборова, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва дигарон баромад намуда, аз роҳи тайкардаи омўзгор, роҳбари обдкору созанда Мансур Очилов нақл намуданд.

Таъкид шуд, ки Мансур Очилов, яке аз омӯзгорони навовар, эҷодкор, тарбиятгар, маслиҳатгари ҷомеа, роҳбари ғамхору мушвиқ соли 1962 дар оилаи хизматчӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тавалуд шудааст.

Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1979 гирифта, ҳамон сол ба факултети физика шӯъбаи нақша, расм ва меҳнати Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров дохил шуда, соли 1984 бо мувафақият институтро хатм намудааст. Дар давраи донишҷўӣ солҳои 1982-1984 дар планетарияи Хуҷанд ҳамчун рассом-ороишгар фаъолият бурда, пас аз хатми институт соҳиби касби омӯзгорӣ гашта ва бо пешниҳоди роҳбарияти факултет ба донишгоҳ ба кор даъват карда шуд.

Аз соли 1984 то соли 1986 дар кафедраи расмкашӣ ҳамчун рассом – ороишгар фаъолият бурд. Бинобар ба касби омӯзгорӣ шавќи беандоза доштан, ва маҳорати хуби касбӣ доштан ӯро соли 1986 ба мактаби миёнаи №11 шаҳри Хуҷанд ба кор даъват намуданд. Соли 1986 ба ҳайси роҳбари Созмони талабагӣ фаъолиятро оғоз намуда, аз соли 1986 ҳамчун омӯзгори фанни нақшакашӣ, расм ва таълими меҳнат фаъолият намуд. Маҳорати ташкилотчигии муаллимро ба назар гирифта соли 2001 роҳбари мактаби миёнаи №11 таъин намуданд.

Мавсуф барои ободии мактаб, баланд шудани сатҳи дониши шогирдон дар мактаби миёнаи №11 хеле хизматҳои беандоза намуд ва дар ин муассиса то соли 2009 ҳамчун роҳбар кору фаъолият бурд.

Аз соли 2009 то соли 2011 фаъолияти худро дар мактаби ғайридавлатии “Файз” ҳамчун директор давом дод.

Пас аз ба фаъолият оғоз намудани муассисаи навтаъсиси Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муаллим ҳамчун ҷонишини директор оид ба таълим ба кор даъват шуда, онро то соли 2014 давом дод.

Устод аз соли 2014 то соли 2015 фаъолияти кории худро дар филиали Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят ҳамчун, роҳбари гурӯҳи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудири кафедраи табии- риёзӣ идома доданд.

Мансур Очилов аз моҳи феврали соли 2015 ба муассисаи давлатии литсейи ДДҲБСТ баргашта, то имрӯз ҳамчун омӯзгор, ва роҳбари литсей фаъолият бурда истодааст. Дар ин муддат мавсуф дар литсей хеле корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Инчунин барои беҳтар намудани сифати таълим сафи омӯзгорони пуртаҷрибаю эҷодкорро зиёд намуд, ки ин натиҷаи зиёд гаштани хонандагони болаёқат гардид.

Барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, эҷодкорию навоварӣ, масъулиятштносӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳру вилоят якчанд ифтихорномаю сипосномаҳо дода шудааст.

Муаллим – аз соли 2001 “Аълочии маорифи Тоҷикистон” мебошад.

Инчунин соли 1989 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 ва соли 2020 бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят, соли 1999 бо ифтихорномаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ифтихорномаи шӯъбаи маориф, сипосномаи иттифоқи касабаи вилоят, ифтихорномаи раёсати ДДҲБСТ қадрдонӣ карда шудааст.

Мансур Очилов оиладор, соҳиби 4 фарзанд буда фарзандон, низ давомдиҳандаи кори фаъолияти касбияти падар ҳастанд.

Маҳфил бо барномаи фарҳангии хонандагони литсей ҳусни анҷом пазируфт.

Маъмури Юсуфзод

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:205
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:484
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1383
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7680
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4607485

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ