Дар толори Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рўзи омўзгорон баргузор гардид.

 

Мадина Набизода сардори Раёсати маорифи вилоят ва Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кулли омўзгоронро бо Иди касбиашон аз номи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр доштанд, ки ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омўзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рўйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандўст саҳми фаъол гузорад. Барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд.

Сипас, ба як қатор фаъолони соҳа, нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд, Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Суѓд ва Сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Ба як қатор собиқадорони соҳа чун арзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Барномаи фарҳангии идона табъи ҳозиринро болида гардонд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:7
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:532
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1717
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8014
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4607819

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ