Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №37-и шаҳри Хуҷанд чорабинии хушҳолӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мураббия Рухсора Ҳасанова  гузаронида шуд.

Тарбиятгирандагон доир ба Истиқлолият, миллат, Ватан, сарзамин шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ироа намуданд.

Таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Худи «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дданд ва зикр шуд, ки ҳамагон бо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолият  вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:293
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1546
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5518
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605323

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ