1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Нахуст оид ба охирин омодагиҳо ба расми ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов маълумот доданд.

Ба Сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабҳои наву замонавӣ оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимӣ видеофилми кутоҳ пешкаш карда шуд.

Сипас, дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави русӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо нутқи пурмуҳтаво оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвар, бахусус дар бораи самараи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф суханронӣ карданд.

Баъди суханронӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар вазъияти тантанавӣ барои буридани лентаи рамзӣ ва ба фаъолият оғоз кардани мактабҳои наву замонавии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар маҳалли ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигарон иштирок доштанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи татбиқи амалии Созишномаи ҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба тамоми шароити зарурӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар мактаб дар як баст 1224 ва дар ду баст 2448 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:270
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:273
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1207
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5179
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4604984

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ