Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 01/06/2022, № 06/1-116, рӯзҳои 7-15 августи соли 2022 дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия 34-умин Олимпиадаи байналмилалии «IOI 2022» аз фанни «Технологияи Иттилоотӣ» баргузор мегардад. Олимпиадаи мазкур байни хонандагони синфҳои 9-11 сурат мегирад. Барои муайн намудани гурӯҳи чор нафараи дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзхои 08/06/2022 ва 09/06/2022 соати 11:00 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» тариқи онлайн даври интихобӣ барои хонандагони вилояти Суғд баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 9 нафар хонандагон вилояти моро аз шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур муаррифӣ мекунанд.