Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 366 аз 16 июли соли равон Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси муаллимаи фанни математика, информатика ва техникаи ҳисоббарор хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ҳамчун омӯзгори фанни математика ва информатика дар МТМУ №16 оғоз намуда, аз 1 сентябри соли 1997 ба тариқи гузариш дар гимназияи №3 фаъолияташро идома мебахшад.

Аз октябри соли 2008 то январи соли 2009 дар вазифаи директори гимназияи №3 фаъолият мебарад. Сипас фаъолияташро дар муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Паймони азизон» идома дода, аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи июли соли 2018 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:296
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1549
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5521
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605326

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ