Бузургдошти Маликушшуаро дар Хуҷанд
Дар назди муҷассамаи Қофиласолори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, хонандагону донишҷӯёни маркази вилояти Суғд Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехурад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад. Тазаккур бояд дод, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ин замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷгузоштан ба мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардӯстонаи дунё пайвастани афкори тоҷикон гардид.
Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.
Сипас, Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Устод Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик ва эронитаборон аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани парниёпӯш барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти форсизабонон пояи устувор гузошт. Асолату ғановати шеъри устодро ҷаҳон бишунид, дар дилҳо навишта шуд ва бо гузашти солҳову асрҳо тазминкунандагони зиёд пайдо кард. Бе тардид метавон устод Рӯдакиро олими заррабини тавоно, бинотар аз ҳар бино, нигорандаи тозаназару тозаэҷод ва вассофи покии имону виҷдон ва рӯҳу тан номид. Осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар бо мавзӯъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан, тасвири табиат ғаниву наҷиб гардидааст».
Сипас, Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аҳли имлу фарҳангро ба муносибати таҷлили Рӯзи Одамушшуаро таҳният гуфта, аз хидмати Маликушшуаро роҷеъ ба ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ ситоиш намуд. Афзуд, ки бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузории Рӯзи Рӯдакиро пайвастан ба асли хеш, ба суннатҳои давлатдории нахустин давлати миллиамон–давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдӯсти ин давлати бузург унвон намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки «Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст. Рӯдакӣ ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо мебошад. Боварӣ дорам, ки ин иди бошукӯҳ ба болоравии ифтихори хештаншиносию ватанпарастии имрӯзу ояндаи тоҷик мусоидат мекунад».
Композитсияи бадеъӣ-фарҳангӣ ба ҳусни чорабинӣ таровати нав бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1651
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3374
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1651
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21974
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64733
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:120761
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1568428

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ