Барои кулли мураббиёну тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 16 и шаҳри Хуҷанд имрӯз рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд.
Зеро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раисии шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба фаъолияти ин кӯдакистон дар бинои наву замонавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳангоми шиносоӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо харҷи 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, корҳои сохтмониро ширкати ҶДММ Муҳандис ба сомон расонидааст. Кӯдакистон аз якчанд утоқҳои корӣ, 5 гурӯҳ, як толори барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои 180 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Тавре аён гардид, дар ин бино барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуда, ҳар як гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ғайра мебошад. Инчунин  якчанд машғулиятҳо аз қабили омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рақс, навозандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Барои истирҳату фароғати кӯдакон дар ҳавлии кӯдакистон майдончаҳо барои бозиҳои гуногуни бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 9 ҳазор нафар кӯдакон ба ширхоргоҳ фаро гирифта шуда, 1300 нафари дигар дар навбат меистанд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани кӯдакистони мазкур дар  коҳиш ёфтани сафи кӯдакони дарнавбатбуда мусоидат менамояд.
Бояд қайд кард, ки бинои кӯҳнаи ин ширхоргоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, танҳо барои 80 нафар кӯдакон хизмат мекард. Ҳамакнун бинои наву замонавии кӯдакистон шумораи тарбиятгирандагонро ба маротиб зиёд намуда, беҳтарин шарту шароити таълиму тарбияро фароҳам овард, ки аз ин кулли кормандону сокинони маҳал хушҳол мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:37
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1090
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7886
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599247

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ