Дар машварати августии кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, ки дар толори маҷлисҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ сурат гирифт, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, муовини ӯ Умеда Муродӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.
Машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ифтитоҳ карда, аз дастоварду камбудиҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд сухан кард. Аз он ҷумла, қайд намуд, ки машварати августии имсола оид ба вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадафи асосӣ муайян намудани самти фаъолият дар соли хониши нав аст. - Имрӯзҳо аҳли ҷомеа барои бо дастовардҳои арзанда таҷлил кардани ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимматро мустаҳкам баста, заҳмат мекашад. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз Паёмҳои қаблиашон аз ҳар ҷиҳат, чи аз лиҳози фарҳанги пешниҳод ва чи аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ба куллӣ тафовут дошт, - иброз намуд Илҳом Султонов, -дар он баробари дигар соҳаҳо Пешвои миллат ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф фикру мулоҳизаҳои судмандро баён карда, бори дигар изҳор намуд, ки: Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Натиҷаҳои аввали татбиқи воқеии ин гуфтаҳои Сардори давлат аллакай баробари пешниҳоди Паём зимни баёни аз 1-уми июли соли равон ба андозаи 20% зиёд намудани музди маоши мураббиёни кӯдакистонҳо ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аён гардид. Аз ин дастгирии навбатии Президент аҳли маорифи шаҳр ва тамоми мураббиёну муаллимони ҷумҳурӣ хеле хурсанду рӯҳбаланд шуда, саъю талош менамоянд, ки дастовардҳои худро дар ҷодаи таълиму тарбия боз ҳам зиёд кунанд.
Аз ҳисоботи мудири маорифи шаҳри Хуҷанд бармеояд, ки ҳоло беш аз 34 ҳазор хонанда дар 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 гимназия, 4 литсей, 11 мактаби хусусӣ таълим мегираду бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ мешавад. Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд 30 муассисаи тҳсилоти томактабӣ, 7 кӯдакистони хусусӣ, 1 мактаб-интернат, 1 комплекс-кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино низ кӯдаконро дар оғӯши худ ҷой додааст.
Баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳ бештар гашта, таълими ин фанҳоро аз синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монданд. Соли хониши рафта бори аввал озмуни «Беҳтарин донандаи забони англисӣ байни хонандагони синфи 4» гузаронида шуд. Ҷиҳати компютеркунонии мактабҳо иброз намуд, ки ҳоло дар 71 синфхонаи компютерӣ 1351 компютер, 138 принтер, 12 сканер, 24 дастгоҳи нусхабардорӣ, 58 проектор ва 47 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад, ба ҳар 11 хонанда 1 адад компютер рост меояд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар ин бора маълумот дода, зикр сохт, ки нақшаи компютеркунонии мактабҳо дар шаҳр сад фоиз иҷро шуд, акнун тамоми кӯшиши худро барои иваз кардани компютерҳои сохти кӯҳна ба наву замонавӣ равона мегардад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм соли 2015 бахшида ба Иди Истиқлолият кӯдакистони №15 барои 320 кӯдак барқарор карда шуд. Дар маҳаллаи «Сари баландӣ» бошад, барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 240 кӯдак, дар маҳаллаи «Кӯпруки баланд» кӯдакистони №1 барои 240 кӯдак ва сохтмони толори варзишӣ дар МТМУ №30 идома дорад.
Илҳом Султонов ҳамчунин, аз иштироки хонандагон дар олимпидаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ маълумот дода зикр кард, ки соли хониши 2015-2016 хонандагон дар даври вилоятӣ 12 ҷойи аввал, 12 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюмро ишғол намуда, дар давраи ҷумҳуриявӣ ҳам 1 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо»  11 нафар соҳиби ҷойи аввал, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гашта, дар давраи ҷумҳуриявӣ 10 нафар ҷойи аввал, 6 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюмро сазовор гашт, ҳамчунин 12 нафар ба сифати аъзо-мухбир қабул шуд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ низ хонандагони болаёқати макотиби шаҳр иштироки фаъолона дошта, соли таҳсили 2015-2016 аз ин муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамагӣ 29 нафар иштирок кард, 12 хонанда соҳиби ҷойи аввал гашт. 7 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ба гирифтани ҷои сеюм шарафёб шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оид ба иҷроиши 16 Барномаи давлатӣ, ки махсус ба соҳаи маориф нигаронида шудааст, пурсиш ба амал овард. Аз он ҷумла, дар хусуси ба таври зарурӣ амалӣ нашудани муҷаҳҳазгардонии синфҳои фанҳои дақиқ, лабораторияҳои фаннӣ, сифати компютерҳои муассисаҳои таълимӣ, нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону додани тахассус, поён рафтани рейтинги шаҳри Хуҷанд байни дигар шаҳру навоҳии вилоят вобаста ба вазъи донишандӯзиву иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо изҳори нигаронӣ кард.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода низ ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки соли таҳсили 2015-2016 барои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд соли бобарор буд, зеро имсол дар озмуни «Муаллими сол» омӯзгори шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова дар ҷумҳурӣ лоиқи ҷои дуюм гашта, 6 нафар хонандаи мактабҳои шаҳр дар озмунҳои байналмилалӣ бо гирифтани ҷойҳои 1 ва 2 шарафи кишварро боло бардошт. Вале бо вуҷуди ин рейтинги шаҳри Хуҷанд вобаста ба сатҳу сифати хониш 3,4 балро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ кам аст.
-Тайи се соли охир вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро сазовор мешуд, вале соли ҷорӣ соҳиби ҷойи дуюм ва шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷои сеюмро ишғол кард, - гуфт Осим Каримзода, - сабаби асосии ин, набудани синфхонаҳои лабораторӣ аз фанҳои химияву биология ва физика мебошад. Дониши назариявии хонандагони мо баланд аст, вале дар амалия онҳо камтаҷрибаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оид ба камбудиҳои ҷойдошта, гирифтани маблағҳои иловагӣ аз волидайни хонандагон, амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таъмин кардани хонандагони аз оилаҳои камбизоат бо сарулибоси ягонаи мактабӣ дастуру супоришҳо дода, таклиф пеш овард, ки байни мактабҳову омӯзгорон мусобиқа-озмун эълон карда шавад ва ҳар як омӯзгор ва муассисаи таълимие, ки шогирдашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, қадр карда шаванд.
Директори МТМУ №19-уми шаҳри Хуҷанд Орифҷон Умаров ва мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №37, ғолиби озмуни «Ман касбамро дӯст медорам» Моҳира Мансурова ба музокира баромада, оид ба дастовардҳои муассисаҳои худ маълумот доданд.
Дар интиҳои машварат Раиси шаҳри Хуҷанд ба як қатор пешқадамони соҳа, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Сипосномаҳои Раиси шаҳр, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро супурда, ба собиқадорони соҳа туҳфаҳо тақдим кард.

Мавзуна Нозимӣ,
«Тирози ҷаҳон»

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:290
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2019
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5991
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605796

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ