Бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», бо назардошти Консепсияи миллии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар мураббиён бахшида ба Соли 2016 – соли Фарди солим ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмуни шаҳрии «Ман касбамро дўст медорам» дар мактаб интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Озмуни шаҳри «Ман касбамро дўст медорам» дар се давр: дар дохили ҳар як муассисаҳои томактабӣ, даври минтақавӣ ва ниҳоии озмун гузаронида шуд.

Шартҳои озмуни шаҳрии «Ман касбамро дўст медорам» иборат аз: таҳлили нақшаи кори таълиму тарбия бо кўдакон (бо истифода аз слайд, саволу ҷавоб, ҳимоя айёният вобаста ба мавзуъҳои нақшаи кори таҳлилшаванда), кор бо падарону модарон (муносибати мураббия бо волидон аз таҷрибаи касбӣ), тадбирҳо оид ба ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии кўдакон ва роҳҳои баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати касбии мураббия, худомўзӣ ва бозомўзӣ (пешниҳод намудани дафтари худомўзӣ ва нақшаи корӣ, саволу ҷавоб аз рўи талаботи аснодҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабӣ) буда, ҳар як довталаб баҳри он талош мекард, ки донишу истеъдоди хешро намоиш диҳад. Аз 31 нафар иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ 4 нафар роҳхат гирифтанд.

Ҳайати ҳакамон таҳти сарварии мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ба донишу истеъдоди довталабон баҳои сазовор дода, ғолибонро муайян намуданд.

Ҷойи аввал насиби мураббияи кўдакистон-ширхоргоҳи №37 Моҳирахон Мансурова гардид. Мақоми дуввум насиби мураббияи МТТ №20 Таҳмина Камолова гашта, ба ҷойи сеюм мураббияҳои кўдакистонҳои хусусии «Дилоро» ва МТТ №38 Шаҳрабону Муъминова ва Ирода Ашурова мушарраф гаштанд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома ва Ҷоми озмун бо навиштаҷоти хотиравӣ тақдим гардид.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:11
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4094
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12374
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27429
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:101794
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:111021
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1034985

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ