Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилиёти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташфиқоту тарғиботӣ оиди бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб дар кӯдакистони №9 озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин: саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо – «Ки сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор  гузаронида шуд. Дар озмун 48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибиятро насиби дастаи «Далерон» аз МТТ №18 эълон карданд. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ намояндагони Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд иштирок карда, ба ҳунару истеъдоди кӯдакон баҳои баланд доданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:405
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:405
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26728
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81439
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:113007
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1464373

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ