Бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо ширкати омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд конфронси илмию адабӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва Ваҳдат - омили асосии бақои миллат ва пойдории давлат» баргузор гардид. Дар оғози конфронс мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Ишонова табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллии тоҷикон ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмии омӯзгорони фанни таърих М. Шодиева ва Ш. Саидиброҳимова дар мавзӯи «Ваҳдат – кафолати ҳастии миллат» ва «Миллат ар гӯям, асосаш ваҳдат аст…»  шунида шуданд. Зимни суханронӣ мушовири шуъбаи маориф оид ба фанни таърих ва ҳуқуқ Умарова З. Т. барои маърӯзаҳои ҷолиб арзи сипос намуда, таъкид кард, ки маҳз ба имзо расидани созишномаи сулҳ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ заминаи воқеӣ гузошт. Мардуми нексиришти мо санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфтанд. Самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки солҳои охир кишвари мо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Баъдан қисмати адабию фарҳангии конфронс оғоз гардид. Хонандагони мактабҳои №12 ва 22 бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ васфи Ватан, Тоҷикистон, Модар ва Ваҳдати миллӣ шеърҳои ҷолиб қироат намуданд. Ҳамчунин бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои ҷолиб хотири иштирокчиёни конфронсро болида гардонданд.

Дар ҷамъбасти конфрос намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр М. Мансурова ҳозиринро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонандагон барои намоишномаи адабию фарҳангӣ самимона арзи сипос намуд.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:205
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1458
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5430
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605235

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ