Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №24 иттиҳодияи методии омӯзгорони забони русӣ бо иштироки 27 нафар омӯзгорони фанни забони русии ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар толори мусиқии ширхоргоҳ-кӯдакистон тарбиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб таҳти суруди шух ворид гардиданд. Сипас ба кӯдакон суҳбат дар бораи шаҳри Хуҷанд, ҷойҳои таърихии шаҳр, дарёи Сир, осорхона, театри Камоли Хуҷандӣ, муҷассамаҳои шаҳр гузаронида шуд. Тарбиятгирандагон таҳти мусиқии зинда васфи Хуҷанд, Тоҷикистон ва модар шеърҳо қироат карданд. Омӯзгори фанни забони русии ширхоргоҳ-кӯдакистони №24 Светлана Набиева бо гузаронидани машщулият ба кӯдакон дар бораи фаслҳои сол, ҳодисаҳои табиат ва табиати нотакрори диёр маълумот дод.
Ҳамаи иштирокчиёни иттиҳодияи методӣ ба се даста: «Офтобак», «Фаввора» ва «Ситора» тақсим шуда, байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Ба дастаҳо супоришҳо дар мавзуъҳои «Методи гузаронидани мониторинги дониши кӯдакон барои омӯзонидани забони русӣ дар кӯдакони синни томактабӣ», «Нақши адабиёти бадеӣ дар инкишофи нутқи кӯдакон» ва «Монеаҳо барои омӯзиши забони русӣ дар кӯдакони синни томактабӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо» пешниҳод гардид ва роҳбарони дастаҳо мавзӯъҳои хешро ҳимоя намуданд.
Дар фарҷом мушовирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои пешрафти кор ба омӯзгорони забони русии муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр маслиҳатҳои судманд доданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:127
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:350
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:795
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5968
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170620

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ