Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатии и.в.Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо сокинои маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов дар мактаб-интернати ёрирасон доир гашт. Дар он Гулбаҳор Махкамова, З.М.Зоидов ва М.Т.Солиев вакилони Маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ ва Арабшо Солизода прокурори шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат дошнд.
Ҳадафи бо шумо мулоқот намудан,- суҳбатро оғоз намуд, Раиси шаҳр,- фаҳмонидан ва дастрас намудани Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ҳамагон хуб воқиф ҳастед, ки сол аз сол сатҳи зиндагии сокинони кишвар хубтару беҳтар гардида истоаст ва стратегияи миллии расидан ба ҳадафҳои олӣ - зиндагии шоистаи мардум, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва буҳрони энергетикӣ, расидан ба амнияти озукавори, чун барномаи ин ҳадафи муҳим арзёбӣ мегардад. Шаҳри Хуҷанд дар самти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт соли гузашта ва се моҳи аввали сол басо корҳоро ба анҷом расонид ва нақшаву корҳо ҳанӯз зиёданд.
Чун бо шумо имрӯз нақшаи мулоқот доштем, субҳи барвақт бо ҳайати ҳамроҳон аз тамоми кӯчаву биноҳои истикоматии ин маҳалла дидан кардем. Дар маҳалла 1085 оила, дар 16 кӯча ва 29 бинои баландошёна зиндагӣ мекунанд. Айни ҳол дар маҳалла 170 оила аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархурдор мебошад. Сокинони сарбаланди меҳалла аз саҳари солеҳон ба дами дарвозаи ҳавлиҳояшон об пошида, чорӯб зада, муҳити атрофро покиза кардаанд, ки ин амал аз таомули хуби аҷдодони мо маҳсуб меёбад. Вале дар ин росто, бояд бигӯям, ки - арз кард Шариф Шарифзода,- остонаи дари баъзе биноҳои баландошён ба талаботи санитариву озодагӣ ҷавобгу нест, Дар ин радиф шурои занони маҳалла бояд ҷиддитар фаъолият барад ва низому тартиби муҳити зистро таъмин созад...
Шариф Шарифзода ҳозиринро ёдовар намуд, ки санаи 22 май дар қаламрави кишвар Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар доир мегардад. Вобаста ба он Раиси шаҳр якчанд тағйиру иловаро ба ҳозирин маънидод кард.
Баъдан, Раиси шаҳр ба Арабшо Солизода прокурори шаҳри Хуҷанд сухан дод. Мавсуф арз намуд, ки мувофиқи дастури Прокуратураи генералӣ ман вазифадор шудам, ки бо шумоён мулоқот намуда, дар хусуси вазъи кунунии сатҳи ҳукукшиносии сокинон сӯҳбат намоям. Тавре ҳамагон хуб огаҳед, гуфт Прокурори шаҳр,- дар ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм, равияҳои хусусияти ифротгарои дошта, ба муаммои аср табдил ёфта истодааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки маърифати мардумро дар самти) ҳуқуқ ва донишҳои динӣ баланд бардорем. Имрӯз давлатҳои абарқудрат кӯшиш бар он доранд, ки тафаккури нопоки хешро ба мардуми ҷаҳон бор карда, бо ин васила, тинҷиву оромии кишварҳоро халалдор намоянд. Мисоли он, фаъолияти) ҲНИТ аст, ки дар кишвар нияти табаддулоти давлатӣ содир кардан дошт. Аз шумори муҳоҷирони меҳнатӣ 1109 нафар аз Тоҷикистон ба кишвари Ҷангзадаи Сурия интикол шуд. 5 оила аз шаҳри Хуҷанд бо фарзандонаш дар Сурия қарор дорад.
Ин рақамҳо боиси нигаронии ҳам давлат ва ҳам ҳар шаҳрванди ху­догоҳ аст.
Тарбия аз оила оғоз меёбад,-зикр намуд Прокурори шаҳр,-дар тарбияи фарзандон ҷиддан кор бояд кард, зеро пошхурии оилаҳо аз боиси тарбияи кофӣ нагирифтани ҳам духтарон ва ҳам писарон аст. Аз хизмат ба Артиши миллӣ канораҷӯӣ кардан ҳам як рукни тарбияи нодуруст аст. Ин ватанро агар ҷавонони баору номуси мо ҳимоя накунанд, кӣ ҳимоя мекунад? Ман илтимос мекардам,-афзуд Прокурори шаҳр,- ба чунин мулоқоту вохӯриҳои хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ҳам даъват шаванд ва бишнаванд, ки дар ин мулокотҳо дар чӣ мавзӯъ сӯҳбат мешавад. Дар омади гап,- зикр кард мавсуф,-забони аксари омӯзгорони мактабҳо забони гуфтугуист. Дар вақти дарс шогирд бояд бо забони адабии давлатӣ ҳарф зада, маҳорати забондониашро сайқал диҳад.
Шариф Шарифзода ба сокинони маҳалла, ки дар мулоқот ширкат доштанд, сухан дод.
Ҳаким Малатифов, Ғайратҷон Усмонов, М.Очилова, М.Исмоилова, Мутриба Азимова, Гулнора Обидова, сарвари Мактаб-интернати ёрирасон, Замира Артуқова, А.Исматов, Ҳанифа Орифова, Саноат Ёқубова, Б.Тоҷибоева, М.Умарова ва дигарон арзу ниёз, пешниҳоду дахост, алфози сипоси хешро ба роҳбарияти шаҳр расонида, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Мулоқот дар сатҳи ҳусни тафоҳум доир ва анҷом пазируфт.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:228
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1927
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2221
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5723
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:11832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4152375

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ