Дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он чаҳор масъала: ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маориф ва ҳисоботи панҷсолаи директорони муассисаҳои миёнаи умумии №7,8,9 ва мудирони МТТ-и №2,3,22,24,26,29, рафти иҷрои қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимӣ, натиҷаи атестатсияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №20,21,3, рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов маърӯза карда, фаъолияти шуъбаи маорифро дар семоҳаи аввал таҳлил намуд. Дар баробари дастовардҳо мавсуф аз камбудиҳо ёдовар гашта, барои ислоҳи саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Сипас директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои томактабии дар боло зикршуда, зимни ҳисобот аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ карданд.
Мушовири китобдорони шуъбаи маориф Замирахон Набиева зимни суханронӣ дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маъни истифодаи китобҳои нусхабардоришуда маълумот дод. Натиҷаи аттестатсияи мактабҳои №20,21 ва 3 дар маърӯзаи мутахассиси пешбари шуъба Ойимнисо Ғафурова мавриди таҳлил қарор гирифт. Санавбар Ахмедова директори Маркази таҳсилоти иловагӣ перомуни иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ гаштани он дар муассисаҳои таълимии шаҳр маълумот дод.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар ҷамъбаст таваҷҷуҳи сарварони муассисаҳои таълимиро ба масъалаҳои қабул ба синфи як ва зинаи сеюми таҳсил, берун аз мактаб мондани хонандагон, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ, таъмир ва харидории компютерҳо, либоси ягонаи омӯзгорон ва хонандагон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва худкушӣ, қабул ба ММТ, омодагӣ ба олимпиадаҳо, харидории ангишт, истироҳати тобистона, вазъи истироҳатгоҳи «Парвоз»,  фаъолияти созмонҳои талабагӣ, пардохти ҳаққи истифодаи обу барқ ва ғайра ҷалб намуд.
Барои фаъолияти пурсамар дар рушди соҳаи маориф ба як зумра кормандони соҳа ифтихорнома ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид. Аз ҷумла, Маҳмудҷон Абдурашидов директори МТМУ№9, Зебинисо Устобоева омӯзгори фанни забони русии мактаби №2, Шарофат Воҳидова омӯзгори мактаб-интернати ёрирасон, Маҳбуба Аюбова мудири МТТ №11, Роҳат Усмонова мураббияи МТТ №13 ва Саиднисо Қодирова сармуҳосиби муассисаҳои томактабӣ ба унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин директори МТМУ№23 Зафарҷон Шафиев бо ифтихорнома ва Замирахон Набиева мушовири китобдорони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:123
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:350
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:791
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5964
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170616

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ