Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №197 аз 4-уми апрели соли 2016 ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ, литсею гимназияҳо ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ тибқи ҷадвали махсус Рӯзи мудофиаи гражданӣ гузаронида мешавад. Ба мақсади омода намудани аҳолӣ дар вақти сар задании ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенидошта ва баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонону наврасон дар МТМУ №31 Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ гузаронида шуд. Мақасади асосии баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама фаҳмонидани вазифаҳои асосии системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, баланд бардоштани малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар насли наврас ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рӯҳияи маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ, омӯзонидани онҳо оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва омода будан ба наҷот додани атрофиён мебошад.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷонзода Маъруф ба муносибати баргузории Рӯзи мудофиаи гражданӣ паёму шодбошиҳои Раиси шаҳри Хуҷандро ба самъи ҳозирин расонд.
Дар чорабинии намунавӣ ҳамаи сохторҳои марбут ба мудофиаи шаҳрвандон ширкат варзиданд. Ҳамчунин директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон дар дарсҳои намунавии омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаби №31 иштирок карда, оид ба қоидаҳои рафтори хонандагон дар иншоотҳои муҳофизатӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии он, таъминоти ниқоби зиддигазии бачагона, роҳҳои пешгирии офатҳои табиӣ, ёрии аввалиндараҷа ҳангоми офатҳои табииӣ, бехатарии зиддисӯхтор маълумоти кофӣ гирифтанд.
Баъдан бонги хатар зада шуд ва устодону хонандагон аз мактаб берун омада, директори мактаб аз ҳолати баамаломада, яъне заминларзаи эҳтимолӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сардори ситоди ҳолатои фавқулодда гузориш дод. Сипас намоиши амалҳои гуруҳҳои ғайринизомӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милистсия таваҷҷуҳи бештари иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Баргузории машқҳои ҳарбӣ ва бозиҳои варзишӣ байни гуруҳҳо хеле хотирмон буд.
Дар ҷамъбасти Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ба иштирокчиёни фаъол, намояндагони сохторҳои ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милистсия ва устодону хонандагон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

 

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1731
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5703
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605508

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ