Дар доираи панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе-2016” дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактабҳои олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.


Чорабиниро сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус зиёд шуда истодааст. Ҳамасола баргузории ярмарка- намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ» худ далолати гуфтаҳои болоианд. Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи дур, Донишгоҳи давлатии авиатехникии Уфа, Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишкадаи  технологии саноати хуроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии архитектура ва сохтмони Санкт-Петербург тариқи видеонавор, буклету нашрияҳо донишгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд. Зимни мулоқоти озоду шаффоф онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ ба монанди хобгоҳу пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, қайд карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.
Хонандагон дар фарҷоми чорабинӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:72
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1125
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7921
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599282

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ