Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №38 шаҳри Хуҷанд тибқи иҷрои нақшаи шуъбаи маориф иттиҳодияи методии навбатии мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид. Дар иттиҳодияи методӣ Сардори дафтари матбуот, нозири калони гурӯҳи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, майёри милитсия Фахриддин Аваззод ва Диловар Ализода, мушовирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд: Мухамедова Р.К, Абдуллоева Н.С, Нозимова М.Б. ва 30 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.

 

Дар толор барои гузаронидани машғулият дар мавзӯи аломатҳои роҳ аз тарафи мураббияи гурӯҳи омодагӣ ба мактаби ширхоргоҳ-кӯдакистони №38 Ғаниева Дилбар айёниятҳо омода буданд. Кӯдакон ба толор ворид гардида, дар васфи Ватан, модар, Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ қироат намуданд. Машғулияти намунавӣ аз шиносоӣ бо муҳит, омӯзиши Қоидаи ҳаракат дар роҳ дар мавзӯи «Аломатҳои роҳ» бо се забон гузаронида шуда, хеле барои кӯдакон шавқовар ва манфиатовар буд. Дар машғулият айёниятҳои рангоранг ва калонҳаҷм, макетҳо, воситаҳои техникӣ (диапроектор) исифода бурда шуд. Баъд аз машғулият ҳамаи иштирокчиёни иттиҳодияи методӣ ба чор даста-«Пиёдагард», «Чароғаки роҳнамо», «Эҳтиёт шавед кӯдакон», «Ҳушёриро аз даст намедиҳем» тақсим гардиданд. Ба ҳар як дастаҳо супоришҳо дода, барои иҷрои супориш вақти муайян ҷудо карда шуд. Аз дастаи «Пиёдагард» мудири кӯдакистони хусусии «Офтобак» Бобоҷонова Нигора дар мавзӯи «Роҳу усули омӯзиши Қоидаи ҳаракт дар роҳ дар кӯдакони синни томактабӣ», аз дастаи «Чароғаки роҳнамо» мудири кӯдакистони хусусии «Раҳматулло» оиди «Алоқамандии машғулияти омӯзиши Қоидаҳои ҳаракт дар роҳ бо дигар намуди машғулиятҳо», аз дастаи «Ҳушёриро аз даст намедиҳем» мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №26 Каримова Н.С. дар мавзӯи «Истифодаи омӯзиши Қоидаи ҳаракт дар роҳ дар вақти бозӣ» ва аз дастаи «Эҳтиёт шавед, кӯдакон!» мудири кӯдакистони №7 ва мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №31 Холиқзода Муяссар дар мавзӯи «Роҳҳои бедор намудани шавқу завқи кӯдакон ба омӯзиши Қоидаи ҳаракат дар роҳ» баромад карданд. Намояндагони БДА дар навбати худ якчанд саволгузориҳо намуда, ҷавобҳои мушахас гирифтанд ва изҳори миннатдории худро ба кӯдакон, мураббиён ва мудирон баён доштанд.

 

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:53
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1306
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5278
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605083

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ