Санаи 17 феврали соли 2016 дар МТМУ №2 мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Турсунова, директори Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши САҲШ–и вилояти Суғд Ҳошимова М. ва ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд Бурҳонзода Умедахон Муродӣ оиди тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати вориди тағиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

 

 

Сараввал вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Турсунова баромад намуда, оиди тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати вориди тағиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳояшро баён дошт. Инчунин директори Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Озодии виҷдон ва эътиқодҳои динӣ”, сабаби гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳо баромади ҷолиби диққат намуд.

Мудири бахши САҲШ–и вилояти Суғд Ҳошимова М. Андешаҳояшро перомуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баён доштю Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Зайниддин Осимов Тавҳидахон Баҳриддинова аз номи собиқадорони соҳаи маориф миннатдории хешро ба ҳозирин баён намуда, ваъда доданд, ки Паёми навбатии Президенти кишварро сармашқи кори худ дониста, толибилмонро дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Аз номи мутахассисаони ҷавон Ашӯаров Шодмон ваъда дод, ки барои тарбияи насли наврас ва ба таълим фаро гирифта шудани онҳо ва ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлати аз қабили тероризму экстримизм шомил нашудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд Бурҳонзода Умедахон Муродӣ ба аҳли маорифчиён бори дигар барои меҳнати пурмаҳсулашон миннатдории худро баён намуд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:186
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:229
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:186
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5359
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170011

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ