Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад.

Бо ширкати беш аз 600 нафархатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ мулоқот бо сарварони мактабҳои олии вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз баргузории мулоқоти сарварони муассисаҳои олии вилоятро бо хатмкунандагон шарҳ дода, таъкид кард, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардиданд ва ҳар як сарвари донишгоҳҳо дастовардҳои таълимию илмӣ ва методии устодону донишҷӯёнро дар бахшҳои гуногун тавсиф карданд.

Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Мирзотоҳир Набиев аз зарурати роҳандозии чунин ташаббусҳо ёдовар гашта, қайдкард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд пайваста дар олимпиадаву озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ ширкат варзида, парчами пирӯзиро баланд мебардоранд.

 

Сипас, бо намоиши роликҳои рекламавӣ ректори ДДХ Анвар Мақсудов, ректори ДДҲБСТ Ҷамшед Ҷӯрабоев, муовини директори Донишкадаи политехникӣ оид ба илм Турсун Холматов, директори ДИС ДТТ Инъомҷон Аминов, ректори ДКМТ дар шаҳри Чкалов Мухтор Фозилов дастовардҳои як соли охири донишгоҳҳои хешро бо мисолҳои воқеъбинона таҳлил намуданд.

Директори ДИС ДТТ Инъомҷон Аминов аз ҷараёни таълим бо се забон дар муассисаи худ изҳори хушнудӣ карда, қайд кард, ки робитаро ба устодони донишгоҳҳои хориҷӣ вусъат бахшидаанд ва онҳо ба дониши забондонии шогирдони донишкада баҳои баланд додаанд. Мавсуф аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки таҳсили хешро дар мактабҳои олии вилояти Суғд идома диҳанд, зеро сатҳу сифати таълим ин ҷо нисбати дигар минтақаҳои кишвар баландтар мебошад.

Баъди суханронии роҳбарони мактабҳои олии вилоятхатмкунандагон саволҳои хешро пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Маркази матбуоти МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:78
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1331
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5303
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605108

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ