Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №12 шаҳри Хуҷанд ҷаласаи иттиҳодияи методии мураббиёни гуруҳи миёна баргузор гардид. Дар он 37 нафар мураббиёни гуруҳи миёна аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Сараввал мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №12 Алиева Назира, ки маълумоти олӣ ва собиқаи кории 11-сола дорад, машғулияти намунавӣ аз шиносоӣ бо муҳит дар мавзӯи «Шиносоӣ бо харгӯш» нишон дод.

Дар машғулият 16 нафар кӯдакони синну соли миёна иштирок намуданд. Мураббия бо кӯдакон дар мавзуҳои гуногун, ба монанди «Муқаддасоти Тоҷикистон», «Қахрамонони Тоҷикистон», фаслҳои сол, рӯзҳои хафта суҳбат гузаронд. Баъдан мураббия бо кӯдакон ба сайру гашт баромада, дар бораи эҳтиёт намудани табиати гирду атроф андешаҳояшро баён дошт.

Мураббия машғулиятро бо истифода аз бозичаҳо, айёниятҳои рангин, харгушакҳои зинда ва маводҳои техникаи ҳозиразамон гузаронид ва ба кӯдакон дар бораи фарқияти табиати зинда ва ғайри зинда маълумот дод. Давомнокии машғулият 22 дақиқа буд.

Пас аз машғулият мураббиёни гуруҳи миёнаи кӯдакистонҳо ба се даста: «Офтобак», «Моҳтобак», «Ситорача» ҷудо гардида, машғулияти гузаронидаи мураббия Алиева Назираро таҳлил намуданд ва маслиҳату пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Пас аз таҳлили машғулият байни дастаҳо мавзуҳои «Нақши машғулиятҳо дар шиносои кӯдакон бо табиат» «Алоқамандии мавзӯи табиат бо дигар намуди машғулиятҳо» мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:206
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:979
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3975
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4177011

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ