Дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд Шӯрои ҷамъбастии шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳисоботи фаъолияти шуъбаи маориф барои соли 2015 ва вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар нимсолаи аввали соли 2016, ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, 12, 26, муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 29, аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №13, рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов Шӯрои шуъбаи маорифро ифтитоҳ намуда, меҳмонон: сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих Осим Каримзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба ҳисоботи фаъолияти шуъбаи маориф барои соли 2015 ва вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 мудири бахши хадамот ва назорати сифати таълим Акрам Аслонов баромад карда, дастоварду комёбиҳои аҳли маорифи шаҳрро дар соли 2015 таҳлилу баррасӣ карда, барои ислоҳи муаммо ва камбудиҳои мавҷуда пешниҳодҳои ҷолиб намуд.

Дар назди аҳли нишаст сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих Осим Каримзода суханронӣ намуда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои арзанда ва беҳтар гаштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр маслиҳатҳои судманд дод.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ баромад карда, бо таҳлили вазъи маорифи шаҳр барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дастур ва вазифагузориҳо намуд.

Перомуни аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №13 мутахассиси шуъба Ойниссо Ғафурова суханронӣ кард. Рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» зимни баромади кормандони шуъбаи маориф А.Аслонов ва Р.Муҳаммедова мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар назди аҳли нишаст перомуни муҳокимаи қарори мушовараи раёсати маорифи вилоят, омӯзиши тахтаи электронӣ аз тарафи омӯзгорон, гузаронидани Шӯрои педагогӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ятимони кулл, гузаронидани курси омӯзиши низоми ИМД барои омӯзгорон дар мактаби №5 ва ғайра ибрози андеша карда, аз сарварони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, сармашқи кори хеш қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҷаҳду талош намоянд.

Дар вазъи тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар ва эҷодкориву навоварӣ ба Директори Маркази ТИ ва К. – Шафиев Зафарҷон ва мудири кӯдакистони №13 Олимова Мунира нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:153
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:350
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:821
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5994
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170646

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ