Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рузи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумоён дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.»
Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.
Омӯзгорони арҷманд!
Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.
Умедворем, ки Шумо- омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва  барору комёбиҳо таманно дорам.
Устодону омӯзгорони азизро бори дигар бо Рузи омӯзгорон табрик гуфта, тансињатӣ, руњи ќавию азми матин, фатњи ќуллањои баланди илму дониш ва комёбињои беназирро таманно менамоям.
Идатон фархунда бод, омӯзгорони азиз!

Раиси шаҳри Хуҷанд    Раҷаббой Аҳмадзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:202
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:975
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3971
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4177007

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ