Конфронси илмӣ-адабӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлдатии (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте» дар мавзӯи «Мавлавӣ – мураббии миллатҳо» бо иштироки омӯзгорону хонандагони гимназия баргузор гашт. Қисми аввали конфронсро барандагони маҳфил Дилангез ва Фирдавс бурданд, ки дар он андарзҳои Мавлавӣ: ғазалиёт, шеърҳо, достонҳо ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба тоҷикӣ аз ҷониби хонандагони синфҳои 9,10,11 қироат карда шуданд. Ҷолиби диққат буд, ки ҳангоми намоиши саҳнача аз эҷодиёти Румӣ «Достони ҳамсафарон», ки ба саҳнагузорандаи он омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Камолова С.А. ҳозиринро як эҳсосоти маънавие пахш намуд. Сипас, тариқи магнитофон 18 байти аввали «Маснавии маънавӣ» «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…» ва бо намоиши тасвирҳо мувофиқ ба он тариқи проектор намоиш дода шуданд.
Аз ҷониби барандагон иттилоъ дода шуд, ки бино ба гузориши хабаргузории Теҳрон, ба нақл аз оҷонсии иттилоотии Озоднигор, муовини мудири расадхонаи Мавлоно дар Қуня Носи Бакирӣ дар моҳи гузашта беш аз 10000 эронӣ аз расадхона ва ҳарами Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуня боздид кардаанд, ки 185000 боздидкунанда аз ин ҳарам боздид ба амал овардаанд, ки аз миёни онхо 10000-ашон эронӣ будааст. Дар расадхонаи мазкур беш аз 4000 дастхатҳои мухталиф мавҷуд буда, ки аз инҳо 3000-тояш мутааллиқ ба Мавлоност. Расадхонаи Мавлоно ҳамчунин ба унвони Оромгоҳи Сабз ё Гунбади сабз шинохта мешавад, ки шомили оромгоҳ ва ҳарами ҳазрати Мавлоност. Ҳамчунин, дар ин расадхона 8 забони мухталиф барои сайёҳон дастрас мебошад. Муовини мудири расадхонаи Мавлоно Носи Бакирӣ афзуд, ки ишқ ва муҳаббат нисбат ба Мавлоно ва чаҳони ирфонии ӯ ҳар лаҳза дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар ҳоли рушд аст.
Хонандаи синфи 10 дар мавзӯи «Мавлавӣ – мураббии миллатҳо» маъруза омода карда, тариқи намоиши слайдҳо ба ҳозирин маълумотҳои аҷиб оид ба тарҷумонҳои осори Мавлонои Румӣ пешниҳод намуд. Суруд ва рақси Мавлавӣ ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигаре зам кард.
Сипас, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия Саидов М.А. ба сухан баромада, ба хонандагон таъкид намуд, ки ҳатман баъди ин конфронс ба китобхона рафта, аз осори Мавлоно Румӣ намунаи шеър ва ғазалиёт аз худ кунанд, зиндагиномаи ин мутафаккири бузургро ҳатман омӯзанд. Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин чорабинӣ ба омӯзгорон Камолова С.А. ва Зарипова Ш.Т. изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Шаҳноз Тоҳирӣ, омӯзгори гимназия

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:244
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1973
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5945
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605750

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ