Тибқи нақшаи бахши дафтари методии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар мактаби №15 семинар - машварати омӯзгорони фанни физика баргузор гардид. Дар семинар-машварат омӯзгорони фанни физикаи муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Омӯзгори фанни физика ва математикаи мактаби №15 Бобоева З.Н. дар мавзӯи «Тарзи таҳияи саволномаи тестӣ барои санҷиши сифати дониши хонандагон» маърӯза кард. Сипас иштирокчиёни машварат дар дарси омӯзгори ҷавони фанни физика (синфи 9 А) Қурбонова Ӯғулой иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки хонандагон бо ҳама лавозимоти хониш таъмин буданд ва рафти дарс ба талаботҳои методӣ пурра мувофиқ буд.

Ба саволҳои омӯзгор хонандагон ҷавобҳои саҳеҳ медоданд. Омӯзгор баёни мавзӯи навро дар мавзӯи «Мавҷҳои садо. Тавсифҳои садо» ба тариқи лексионӣ ба хонандагон фаҳмонд. Дар баъзе ҳолатҳо аз воситаи техникӣ (компютер) истифода бурд. Дарс бо тариқи саволу ҷавоб ҷамъбаст карда шуд. Дар охир маърӯзаи омӯзгор Бобоева З.Н. ва дарси Қурбонова Уғулой (синфи 9А) дар байни омӯзгорон таҳлил карда шуда, ба омӯзгорон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълими фанни физика маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Мавсумахон Носирова

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:27
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:320
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:347
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2624
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3274
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10519
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4186829

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ