Бахшида ба 24 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Дар маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли адаб, собиқадорон ва занону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ мардуми вилояти Суғдро аз номи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мардуми вилояти Суғд сарбаландиву саодати рӯзгорро таманно намуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ дар навбати худ кулли сокинони вилоятро бахшида ба иди Истиқлолият табрик гуфта, барои сокинон хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Дар фароварди ҷамъомад ба як қатор хизматчиёни давлатӣ ва пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла 12 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо медали «Шафқат» ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии аҳли маориф аст, ки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов дар ин рӯз барои хидматҳои арзанда ва рушди соҳаи маориф бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.

Ҳамчунин, директори гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, устодони арҷмандро аз номи аҳли маорифи шаҳр самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:160
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:400
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:560
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6857
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606662

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ