«Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва ощози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт».

Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 9-уми сентябри соли 2015 дар саросари кишвар Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, истиқлолияти давлатӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 24 сол мешавад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби кулли кишварҳои дунё эътироф гардида, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳои Парвардигор аст ва мо бояд ба қадри ин рӯзҳои хушу осуда ва сулҳу суботи кишвар бирасем. Имрӯз раванди ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамаи моро ҳӯшдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар ҷаҳду талош намоем.

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар бо масъулияти баланд аз ҳаводиси воқеаҳои охири ҷаҳони имрӯз ёдовар гардида, таъкид менамояд:

 

«Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».

Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар шаҳри Ваҳдат ва атрофи Душанбе рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ бо сарварии Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ва Зиёвиддин Абдуллоев ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат ҳамлавар гардида, чанде аз милитсионерҳоро ба қатл расонида, яроқу аслиҳаи зиёдеро ба ящмо бурдаанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва аллакай бо неруи тавоно афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористиро дастгир намуданд. Ҷустуҷӯи гуруҳҳои боқимонда, аз ҷумла сарвари онҳо, генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода идома дорад, онҳо дар дараи Ромит дар муҳосира қарор доранд ва он рӯз дер нест, ки дастгир гашта, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо теле дода шавад.

Ҳар як сокини кишвар бояд аз воқеаҳои ҷаҳони имрӯз ибрат гирад ва ба қадри осудагию оромии Тоҷикистон бирасад. Имрӯз бояд воқеаҳои ҷаҳон барои мо дарси ибрат гарданд. Як нооромии кучак, як нофаҳмию нобоварӣ метавонад сабаби ҷангу ҷидол ва муноқишаҳои дуру дароз гардад. Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки ба амнияту оромии мо аз чаҳор тараф ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳо эҳсос карда мешавад. Пас мо бояд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳама якдилу якҷон барои ободии ин сарзамини муқаддас талош намоем. «Ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам месозем»-таъкид менамояд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд аз ҳодисаҳои охири дар шаҳри Ваҳдат рух дода, изҳори нигаронӣ карда, амали ин гуруҳҳои террористӣ ва ихтилофангезро маҳкум менамоем. Аз ҳамаи сокинони кишвар даъват ба амал меоварем, ки ба дасисаю ищвоангезиҳо дода нашуда, сарбаландона барои имрӯзу фардои кишвари азизамон меҳнати софдилона намоед. Бо овардани як нуктаи ибратомӯз аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба Ваҳдату якдилӣ даъват менамоем:

«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:162
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1891
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5863
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605668

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ