Баробари дигар муассисахои таълимӣ дар мактаб-гимназияи № 1 маркази вилоят садои занги аввал аз оғози соли нави хониш дарак дод.
Дар чорабинии мутантани ин таълимгоҳ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Баъди қисмати ифтитоҳи дар назди ҳозирин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо суханони табрикӣ баромад намуда, тамоми иштирокдорон, хонандагон, омӯзгорон ва волидайни муҳассилин бо Рӯзи дониш табрик намуд.
«Таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди маориф ва пайваста боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия  ҳамешагӣ аст. Зиёд гаштани теъдоди таълимгоҳҳо, дастгирии доимии иҷтимоии омӯзгорон таҳкимбахши ин сиёсати сарвари давлат аст. Ҳамчунин бо иқдому дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баробари таълим роҳандозии касбомӯзии наврасон, барои ба воя расидани насли бо маърифату соҳибҳунар заминаи устувор мегузорад. Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхорӣ хонандагону муаллимонро зарур аст, ки бо ғайрати бештар донишу маърифат омӯхта, чун фарзандони созовори диёри хеш ба камол расанд. Имрӯз ҷавонону наврасон бояд ҳеҷ гоҳ фирефтаю гумроҳи ҳар гуна шахсони бадхоҳ нашуда, аз пайравӣ намудану гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ худдорӣ намоянд.Ин ватани худро мо якҷоя танҳо бо андешаҳои созандаю бунёдкорона обод намуданамон мумкин асту халос»-, зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин рӯзи оғози соли хониш ин мактаб-гимназия соҳиби тӯҳфаи созовор шуд.
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин муассисаи таълимӣ соҳиби толор ва майдончаи нави варзишӣ гашт. Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорони собиқадор коллективи  мактаби номбурда лентаи рамзии толори нави барҳавои варзиширо бурида бо шароити тамрин ва гузаронидани дарси тарбия ҷисмонӣ шинос шуд. Толори мазкур иборат аз ҳуҷраҳои ивази либосу шустушӯи алоҳида барои духтарона ва писарон, ҳуҷраи кори омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва толори калони баргузории мусобиқаҳои варзишӣ  иборат буда, он аз ҷониби Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд бунёд гаштааст.
Дар саҳни ҳавлии мактаб бошад, майдончаи варзишӣ сохта шуда, он имкон медиҳад,ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ хонандагон ба чанд намуди тамрини варзишӣ фаро гирифта шаванд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи хонандагони мактаби номбурда  суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар «Дарси сулҳ» ки тавассути «Шабакаи аввал» мустақиман пахш гашт, тамошо намуд.
Қобили қайд аст, ки имсол дар ин мактаб 126 нафар кӯдакон бори аввал ба таълим ҷалб карда мешаванд,ки теъдоди умумии хонандагони синфи яки макотиби шаҳр зиёда аз се ҳазорро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хуҷанд 48 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ бо равияҳои гуногун фаъолият дорад.

Маркази матбуоти
МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:165
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1418
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605195

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ