Ошибка
  • ERROR LOADING FEED DATA

Бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 04 ноябри соли 2014, №644 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020»»  баҳри фаъол гардонидани маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ ҷадвали ягонаи шаҳрӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 1 апрели  соли 2015 ба тавсиб расонида шудааст.
Бо ҳамин мақсад тибқи ҷадвали дар боло зикршуда санаи 20 майи соли 2015 дар МТМУ № 11 ва МТМУ №20  озмун – викторинаи мактабӣ аз рӯи фанни биология дар мавзуъи «Муҳофизати табиат муҳофизати Ватан аст» бо иштироки хонандагони синфҳои 8, 9, 10 баргузор гардид.
Иштирокдорони озмун - викторинаи мактаби ба гуруҳҳо тақсим ва номгузорӣ карда шуда, аз руи шартҳои муаррифии даста, саволу ҷавоб, иҷрои супоришҳои тестӣ ва нақл аз рӯи расм қувваозмоӣ намуданд.  Дар чорабини мазкур гулчини сухан дар васфи табиат, гуфторҳои бузургон дар васфи табиат, маълумот дар бораи қонунҳои табиат ва саҳначаҳои тарбиявӣ вобаста ба мавзуъ пешкаш карда шуданд.
Сипас аз ҷониби  маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дастаҳо ва хонандагони фаъол бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:32
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:220
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:926
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2179
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3632
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9596
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4282261