Ҷиҳати ҷалби бештари толибилмон ба хондани китоб ва ташфиқу тарғиби он ҳамчун манбаи дониш, калиди маърифат, ташаккули эҳсоси китобдӯстӣ ва густариш додани маънавиёти хонандагон озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон» бахшида ба Соли оила, соли рушди фарҳанг ва гулҳо баргузор гардид. Озмун дар ду давр гузаронида шуда, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври аввали озмун 37 нафар хонандагоне, ки дар даври мактабӣ ғолиб гашта буданд, ширкат варзиданд. Ба даври дуюми ҷамъбастӣ 16 нафар роҳхат гирифта, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар озмун хонандагоне иштирок доштанд, ки ба китобу китобхонӣ майлу рағбати зиёде дошта, аз 20 то 150 адад китобҳои бадеӣ қироат кардаанд.

Дар МТМУ №11 озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон» бо иштироки  намояндагон аз шуъбаи маориф, сармутахассиси шуъбаи маориф, Акмалхӯҷаева М.Ҳ., мушовирони фаннӣ Ёқубова М.Ҳ., Абдураҳмонова К., сармуҳаррири нашрияи «Оламоро» Раҷабзода Н., директори  Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф Дилшод Бобоев ва собиқадори соҳаи маориф Орифова Ф.С. ҷамъбаст гардид.  Аъзоёни  ҳакамон аз рӯи китобҳои хондаи довталабон пурсиш ба амал оварда, ба нутқ, тарзи баён ва шарҳи дурусти китобҳои мутолиа намудаашон баҳогузорӣ намуданд. Озмун аз рӯи бахшҳои тоҷикӣ ва русӣ дар алоҳидагӣ бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардид.
Ғолибони озмун дар бахши тоҷикӣ:
Ҷойи 1- насиби хонандаи синфи 11-и мактаби №19 Мафтунаи Шаҳобиддин;
Ҷойи 2- насиби хонандаи синфи 10-и мактаби №10 Каримова Нозила ва хонандаи синфи 11-и мактаби №14 Хайруллозода Истадхон;
Ҷойи 3-насиби хонандаи синфи 10-и М/Х ба номи Рустамов Исомаддинов Султонбой, хонандаи синфи 11-и гимназияи Кавсар Исоева Муслимахон ва хонандаи синфи 11-и мактаби №11, Султонова Насиба;
Барои иштироки фаъолона дар озмун иштирокчиёни зерин бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд:
1). Хонандаи синфи 10-и мактаби №16 Фармонова Азизамоҳ;
2). Хонандаи синфи 10-и мактаби №20 Абдураззоқова Матлюбахон;
3). Хонандаи синфи 10-и мактаби №22 Юсӣпова Робияхон;
4). Хонандаи синфи 7-и гимназияи «Ганҷ» Рафиқзода Фаризахон;
5). Хонандаи синфи 9-и мактаби №23 Ҳоҷиев Фарҳод;
6). Хонандаи синфи 11-и мактаби №9 Мӯминова Маҳбубахон.

Ғолибони озмун дар бахши русӣ:
Ҷойи 1- насиби хонандаи синфи 7-и ЛДП Назирова Мадина;
Ҷойи 2- насиби хонандаи синфи 6-и М/Х «Файз» Восиева Камила;
Ҷойи 3-насиби хонандаи синфи 9-и М/Х «Паймони азизон» Аҳророва Фарзона;
Барои иштироки фаъолона   хонандаи синфи 7-и гимназияи ба номи Гёте Артиков Дилшод бо сипоснома  қадрдонӣ карда шуд. Ҳамчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории озмун, маъмурияти МТМУ №11 бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибон барои иштирок дар даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хонандаи китобхон» роҳхат гирифтанд.

 

Замира Набиева

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:120
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:381
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:933
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2665
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6594
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4179630

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ