Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб озмуни шаҳрии «Донояк» дар ширхоргоҳ-кӯдакистони хусусии «Дилоро» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳамаи дӯстрӯяконро ба ин рӯзи фархунда ва оғози озмуни «Донояк» табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно кард. дар озмуни «Донояк» аз 31 муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида донишу истеъдоди худро намоиш доданд.  
Озмун аз рӯи шартҳои: ба саволҳо кӯтоҳу фаҳмо, бо овози пурраю бурро ва баланд ҷавоб додан; аз тестҳо истифода карда тавонистан, сарфаҳм рафтан ба муҳити атроф, дар доираи 20 адад ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, фарқи ҳаҷми ашёҳо (калон, хурд), муайян карда тавонистани табиати зинда аз ғайризинда, фарқ ва номбар карда тавонистани ҳайвонҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва намуди парандаҳо, номбар карда тавонистани номгӯи асбобҳои мусиқӣ, пурра кардани тасвири овардашуда, дарки мусиқӣ, рақс ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона гузаронида шуд.
Ҳайати ҳакамон ба шартҳои иҷрокардаи ҳар як довталаб баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян намуданд. Шоҳҷоизаи озмун насиби Нурмуҳаммад Усмонов аз кӯдакистони №40 гардид. Ҷойи якум насиби Фарангис Тоҳирова аз кӯдакистони №33 гашт. Ба мақоми дуюм Монаднисо Саломова  (МТТ№13), Дилноза Усмонова (МТТ№25) ва Зарнигор Қодирова (кӯдакистони хусусии «Дилоро») сазовор гардиданд. Ба ҷойи сеюм Ҳалимахон Алибоева (МТТ№12), Зарнигор Ҳошимова (МТТ№36) ва Марям Султонова (МТТ№24) мушарраф гаштанд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ифтихорномаву сипоснома ва ба ҳамаи иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Озмуни «Донояк» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид ва бо хотираҳои ширину рангини дунёи афсонавии кӯдакон анҷом ёфт.

Нӯъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:121
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:294
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:815
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7112
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606917

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ