Даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд дар мактаби №8 баргузор гардид. Дар озмуни имсола 170 нафар омӯзгорони болаёқату соҳибистеъдод ширкат варзида, 33 нафар ба даври шаҳрӣ ва аз ин теъдод 13 нафар ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ҳайати ҳакамон дақиқсанҷона беҳтаринҳоро муайян намуданд ва ба даври ниҳоӣ 6 нафар беҳтарин омӯзгорони шаҳри Хуҷанд: Саноат Ҳайдарова, Мавҷуда Худойдодова, Муниса Ҳошимова, Зебо Аминова, Умеда Махсудова ва Шоира Исмоилҷонова роҳхат гирифтанд.

 

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳамаи иштирокчиён ва довталабони озмунро шодбош гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно кард.
Довталабон аз рӯи шартҳои: муаррифии дарс, тарзи баёну услуб ва истифодаи аёниятҳо, саволу ҷавоб аз фанни таълимӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ донишу маҳорати хешро намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд ва ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникӣ Зебо Аминова гардид. Ба ғолиби озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов дипломи дараҷаи 1, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Нӯъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:589
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2245
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3523
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1612
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9451
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4270645

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ