Омӯзгорон офарандагони таърих ва бахту саодати инсоният ҳастанд. Ин ҷаҳони ҳастӣ бо шарофати фаъолият ва кору пайкорҳои маърифатофарини муаллимон равшану пуранвор ва ободу зебо гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, зимни суханронии хеш дар шаъни омӯзгорон чунин фармудаанд:
«Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори кордону ботадбир Фатҳулло Хоҷаев дар ин рӯзҳои фараҳбахш ва фарорасии фасли баҳори фархундапай ба синни мубораки 80-солагӣ қадам ниҳоданд.

 

Фатҳулло Хоҷаев 24-уми феврали соли 1935 дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 меҳри омӯзгорӣ ӯро ба факултаи фиикаю математикаи Донишкадаи педагогии ба номи Киров овард ва сарбаландона ин даргоҳи маърифатро соли 1957 хатм намуда, соҳиби дипломи аъло гашт. Фаъолияти педагогии худро дар мактаби миёнаи №10 оғоз карда, пайваста меҳри омӯзиш ва таълиму тадрисро дар қалби шогирдон шуълавар менамуд. Баъди хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ пешаи омӯзгориро дар мактаби №2 ва ва баъдан ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар мактаби №11 идома дода, аз соли 1977 то синни нафақа дар муассисаи таълимии №14 ба ҳайси ҷонишин ва омӯзгори соҳибтаҷриба кору фаъолият намуд.Устоди арҷманд Фатҳулло Хоҷаев бо фаъолияти педагогии беш аз 50-сола садҳо нафар шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд. Меҳру муҳаббати устод ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳеҷ гоҳ кам намегардад ва бо кору пайкори наҷиб ва панду андарзи ҳакимона имрӯз низ тарғибгари илму дониш, насиҳатгари ҷавонон ва насли наврас мебошед.
Меҳнатҳои арзандаи Фатҳулло Хоҷаев борҳо бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст ва аҳли маориф, сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо кори пусамар ва фаъолияти гуногунҷабҳаи чунин абармардон ифтихор менамоянд. Устод сазовори медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои меҳнати шоён» гардида, ба унвони баланди «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мушарраф гаштааст.

 

Нӯъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:123
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:350
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:791
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5964
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170616

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ